Баргузории вохӯриҳо баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Давоми моҳи августи соли ҷорӣ аз тарафи шахсони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо фаъолону сокинони ноҳияи Дӯстӣ доир ба мазмуну муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин аҳамияти сиёсиву таърихии таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоатҳои ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба мавзӯъҳои болозикр мулоқотҳо доир намуданд.
 
Дар маърузаҳои худ намояндгони Агентӣ мазмуну муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин аҳамияти сиёсиву таърихии таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба саъми сокинони ноҳияи Дӯстӣ расонида, дар як вақт оид ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар самти вусъати корҳои ободонию созандагӣ, ташкил ва баргузор намудани ҳашару шанбегиҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони кишвар ва густариши эҳсоси ватандӯстии ҷавонон баҳри пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои терррористию экстремистӣ, содиршавии ҷиноятҳои фаромиллӣ корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.
 
Қайд гардид, ки ҳадафи асосии соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудан, ин пеш аз ҳама, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқиии аҳолӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ба ҳисоб меравад.
Инчунин, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таҳрири нав воқеан дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани фарзандони мо иқдоми муҳимму саривақтӣ маҳсуб мешавад.
Дар доираи чорабинии баргузоргардида, иштирокчиён атрофи масъалаҳои мубрами рӯз ба саволҳо пешниҳоднамудани худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail