Қаллобӣ барои додани шаҳодатномаи хатми мактаб

 

Шаҳрванд “А” ба Агентӣ бо ариза муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки нисбати омӯзгори Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Бустони вилояти Суғд, бо номи Солиев Мамадҷон чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда оиди омода карда додани шаҳодатномаи хатми мактаб барои синфи 11 аз ӯ маблағи пулии 1 000 доллари ИМА талаб карда, аз ин маблағ 500 доллари ИМА-ро гирифта боқимонда 500 доллари ИМА-и дигарашро талаб карда истодааст.

Дар натиҷа, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони Агентӣ, Солиев М. баъди аз  шаҳрванд “А” гирифтани маблағи пулии 500 доллари ИМА боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд.

Ҳамин тариқ, нисбати Солиев Мамадҷон бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

          Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қаллобии корманди идораи замин

 

Сафарализода Тоҷиддин Сафаралӣ дар асоси қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун фаъолият намуда, ҷинояти қаллобиро бо истифода аз мақоми хизматӣ, бо маслиҳати пешакӣ дар якҷоягӣ бо зертобеъаш Сафаров Ҷумахон Муродович бо расонидани зарари моддӣ содир намуд.

Чунончӣ, номбурдагон шаҳрванд “А”- ро бо роҳи фиреб бовар кунонидаанд, ки бар ивази маблағи 6800 сомонӣ метавонанд 1,0 га қитъаи замини хоҷагии деҳқонии фермериро аз заминҳои ҳудуди деҳаи Махтумқулии Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун ба номи ӯ ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намоянд.

Сипас, Сафарализода Т.С. ва Сафаров Ҷ.М. аз маблағи талабкарда 6100 сомониашро гирифта, ба манфиати шаҳрванд ягон амали муаянеро иҷро накарданд.

Ҳамин тариқ, нисбати Сафарализода Тоҷиддин Сафаралӣ ва Сафаров Ҷумахон Муродович бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

          Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Фурӯши ғайриқонунии замин бо роҳи фиреб

 

Ҳасанзода Саъдулло Ҳасан, дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти «Норин»-и ноҳияи Ёвон кор ва фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрвандон барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0.029 га дар маҷмуъ 26000 сомонӣ талаб намуда, гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳасанзода С.Ҳ. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 338 иловаи 1 қисми 2 банди «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳури Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ

 

 

Комилов Умед Одинаевич  дар  вазифаи  ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин кор  карда  истода,   дар давоми  фаъолияти корияш,  бо  мақсади  ғаразнок  ва  бо  истифодаи мақоми  хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои гуё нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Комилов Умед Одинаевич бо моддаи 247  қисми  3  банди «а»  КҶ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  парвандаи  ҷиноятӣ  оғоз  карда  шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои кумак намудан дар ҳалли парвандаи ҷиноятӣ

 

Шаҳрванд Абдуллоев Абдукарим Рауфович дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён, капитани милитсия Зиёдализода Матлюба ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои кумак намудан дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати писараш дар шаш ҳолат маблағи умумии 154000 сомониро гирифта ин маблағро тасарруф намуда ба манфиати охирин ягон амали муайянеро иҷро накарданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Гирифтани маблағ барои омода намудани шаҳодатномаи ронандагӣ

 

Ибодуллозода Нематулло дар вазифаи директори Мактаби ронандатайёркунии ҶДММ “Чархи Роғун”-и ш. Истаравшан кор карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Абдуллоев Илҳомҷон Иномҷонович, барои тайёр карда додани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаҳои “В,С,Е” аз шаҳрванд “А” маблағи 8200 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомонӣ гирифта боз оварда додани боқимонда маблағи 3200 сомониро талаб намудаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ бевосита баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 3200 сомонӣ Ибодуллозода Нематулло дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун делали шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои додани қитъаи замин

 

Санатуллозода Суҳбатулло дар мансаби роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ, бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ба миқдори махсусан калон тасарруф намудани молу мулки ғайр аз шаҳрванд “А” барои дар масоҳати 2627 м² ҷудо карда додани қитъаи замин бо мақсади сохтмони майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ дар якчанд ҳолат дар маҷмуъ маблағи 102702 сомониро гирифта, тасарруф намуда, ба шаҳрванд зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои додани иҷозатнома

 

Сардори Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи таркандаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдамири Файзиддин бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани иҷозатномаи «Фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ» ва «Истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сухтан доранд» маблағи 23000 сомониро талаб намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ Сайдамири Файзиддин пас аз гирифтани маблағи 23000 сомонӣ дар утоқи кориаш, дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ