Қаллобӣ барои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ

  Муҳаммадҷонзода Олимҷон Осим дар вазифаи мутахассис-заминсози ҶДММ “Кошиф-2017” кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров маблағи 7000 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.           

 

   Сипас, Муҳаммадҷонзода О.О. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, боз аз шаҳрванд “А” барои гирифта додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин маблағи 5000 сомониро дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров гирифта тасарруф намуда ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф намуд, ки дар натиҷаи ин кирдори ғайриқонуниаш ба охирон зарари ҷидии моддӣ расонид.

 

  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муҳаммадҷонзода О.О. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Талаби пора барои ивази шиносномаи манзили истиқоматӣ

  Буриев Бузургмеҳр Хушмуродович дар вазифаи сардори шуъбаи бақайдгирии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Варзоб фаъолият карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани иқтибос ва варақаи бақайдгирӣ аз феҳрести ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ба манзили истиқоматии падараш инчунин мусоидат намудан баҳри иваз намудани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ маблағи 4200 сомониро талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 2700 сомониашро гирифта боз оварда додани боқимонда 1500 сомонии дигарро талаб намуд.

 

 Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Буриев Б.Х. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 1500 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Буриев Бузургмеҳр Хушмуродович бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Талаби пора бо истифода аз ваколати мансабӣ

  Охунов Маҳмади Қурбонович дар вазифаи муовини командири қисми ҳарбӣ-сардори қисми тибии Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷиноят зад.

 

  Чунончӣ, номбурда ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои ноқобил донистан ба хизмати ҳарбӣ ва бо ҳамин роҳу усул озод намудан аз хизмати харбӣ  аз ӯ маблағи 25000 сомонӣ талаб намуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- тафтишотӣ баъди гирифтани маблағи 23000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар утоқи ултрасадои бинои тибии Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ боздошт карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Гирифтани ришва барои вобаста намудани нуқтаи савдо

 Раҳимова Меҳринисо Убайдуллоевна дар вазифаи раиси Раёсати ҷамъияти «Матлубот»-и шаҳри Кӯлоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задааст.

 

 Чунончӣ, шаҳрванд “А”  ҷиҳати ба охирон вобаста намудани нуқтаи савдо ба Раҳимова М.У. муроҷиат намуд. Номбурда аз ин ҳолат истифода намуда, вобаста ба мавқеи ишғол намудааш барои иҷро кардани амали мазкур аз охирон дар ду ҳолат маблағи 27 000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 10 000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда 17 000 сомониашро талаб намуд.

 

 Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ –тафтишотӣ Раҳимова М.У. ҳангоми аз шаҳрвад “А” гирифтани маблағи 17000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифа шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои омода кардани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ

 Шарипов Суҳроб Зарипович дар вазифаи директори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Вахш кору фаъолият намуда, дар якҷоягӣ бо ҳаммаслаки худ Сатторов Рустам Сафарбоевич барои омода кардани шиносномаи техникии манзили истиқоматии шаҳрванд “А” ба масоҳати 0,08 га аз номбурда маблағи 5 000 сомонӣ талаб намудаанд.

 

 Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ Шарипов Суҳроб Зарипович ва Сатторов Рустам Сафарбоевич ҳангоми  гирифтани маблағи 5 000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъи дарёф ва гирифта шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ бо роҳи сохтакории хизматӣ

 Файзулаев Ҳабибулло Нусратуллоевич дар вазифаи сармуҳосиби шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар асоси маслиҳати пешакӣ бо кормандони зертобеи худ-муҳосибони музди маоши шабакаи мазкур Алишеров Исмоилҷон Ҷурахонович ва Ҳалимов Маҳмадюсуф Ибрагимжонович бо истифодаи ваколати мансабдорӣ ба тасарруфи молу мулки ғайри ба ӯ бовар карда супурдашуда ва дар ихтиёраш буда, ба миқдори махсусан калон даст задаанд.

 

 Чунончӣ, номбурдагон дар давраи фаъолияти кориашон бо мақсади азонихуд намудани маблағҳо бо роҳи сохтакорӣ дархостҳо барои музди меҳнат ва ҳаҷми фонди музди меҳнатро дар санади қабули корҳои иҷрошуда барзиёд нишод дода, бо ин роҳ ба давлат ба миқдори махсусан калон ба маблағи 2.341.315,62 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои ғайриқонуни додани қитъаи замин

 

    Муродов Суҳроб Рамазонович дар асоси қарори маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, ба вазифаи раиси ҷамоати мазкур таъин гардида дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои ҷудо намуда додани 0,04 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии ба номи “Д.Нуриддинов”, Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён маблағи 15000 сомонӣ гирифта, барои минбаъд ҳуҷҷатгузорӣ намудани он маблағи 20 000 сомонӣ талаб намуд.

 

  Дар натиҷа зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди гирифтани маблағи 20 000 сомонӣ номбурда аз ҷониби кормадони Агентӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далел дарёфт карда шуд. 

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Гирифтани пора бо роҳи сохтакории хизматӣ

  Ҳомидова Саодат Одинаевна дар вазифаи сардори шуъбаи кадрҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кор карда, аз шаҳрванд “А” барои бо роҳи сохтакории хизматӣ тартиб додани дафтарчаи меҳнатӣ оиди собиқаи хизматӣ маблағи 4000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 1000 сомониашро гирифта, боз оварда додани боқимонда маблағи 3000 сомонии дигарро талаб намудааст.

 

  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳомидова С.О. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 3000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса боздошт гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

 

  Вобаста ба ҳолатҳои кор нисбати Ҳомидова Саодат Одинаевна бо моддаи 319 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ