Қаллобӣ барои ғайриқонуни додани қитъаи замин

 

    Муродов Суҳроб Рамазонович дар асоси қарори маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, ба вазифаи раиси ҷамоати мазкур таъин гардида дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои ҷудо намуда додани 0,04 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии ба номи “Д.Нуриддинов”, Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён маблағи 15000 сомонӣ гирифта, барои минбаъд ҳуҷҷатгузорӣ намудани он маблағи 20 000 сомонӣ талаб намуд.

 

  Дар натиҷа зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди гирифтани маблағи 20 000 сомонӣ номбурда аз ҷониби кормадони Агентӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далел дарёфт карда шуд. 

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Гирифтани пора бо роҳи сохтакории хизматӣ

  Ҳомидова Саодат Одинаевна дар вазифаи сардори шуъбаи кадрҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кор карда, аз шаҳрванд “А” барои бо роҳи сохтакории хизматӣ тартиб додани дафтарчаи меҳнатӣ оиди собиқаи хизматӣ маблағи 4000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 1000 сомониашро гирифта, боз оварда додани боқимонда маблағи 3000 сомонии дигарро талаб намудааст.

 

  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳомидова С.О. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 3000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса боздошт гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

 

  Вобаста ба ҳолатҳои кор нисбати Ҳомидова Саодат Одинаевна бо моддаи 319 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобии корманди идораи замин

  Шаҳрванд «А» ба Агентӣ бо ариза муроҷиат кард, ки нисбати муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич Мустафоқулов Темур Мустафоқулович чораҳои қонунӣ андешида шавад, чунки номбурда аз ӯ барои ба номи бародараш ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.

 

  Номбурда бо маблағи қаблан гирифтааш қонеъ нагашта,   аз шаҳрванд «А» барои ҷудо карда додани қитъаи замин барои сохтмон маблағи 20000 сомонии дигар талаб карда, аз ин маблағ 13000 сомониашро пешакӣ гирифта, боқимонда 7000 сомониро талаб намудаст.

 

  Зимни аз ҷониби кормандони Агентӣ гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 7000 сомонӣ охирон дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.

 

  Оиди ҳолати мазкур нисбати Мустафоқулов Т.М.  бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қаллобии корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

 

   
  Идиев Илҳомиддин Усмонович дар асоси фармоиши сардори РВКД дар шаҳри Душанбе дар вазифаи сардори шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи №1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи мақоми хизматӣ ба ҷинояти тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, бо расонидани зарари махсусан калони моддӣ даст зад.

 

  Чунончӣ, номбурда зимни шиносои бо шаҳрванд “А” боварии охиронро ба даст оварда ваъда медиҳад, ки бар ивази маблағи 150000 сомонӣ, як манзили истиқоматии дуҳуҷрагиро воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Маяковски 50, ҳуҷраи 35, ки соҳибмулки он вафот карда ва ягон меросхур надорад, дар номи охирон қонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад.

 

 Идиев И.У. бо мақсади анҷом додани нияти ҷинояткоронаи худ вобаста ба тасарруфи молу мулки ғайр, аз маблағи талабнамудааш 128000 сомониро гирифта, ба тасарруфи худ дароварда, ягон амалро ба манфиати охирон иҷро накард.

 

 Оиди ҳолати мазкур нисбати Идиев И.У. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар пешбурд қатъ карда шуд.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ         

Чоп намудан E-mail

Талаби маблағ барои гузаштан аз сарҳади давлатӣ

  Ҳидоятов Ҳасан Сафарович, дар вазифаи назоратчии басти дуюми шуъбаи назорати гузаргоҳи сарҳадии «Дустӣ»-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода кор карда, шахси мансабдор маҳсуб ёфта, дар давраи фаъолияташ бо истифодаи мақоми хизматӣ дар чунин ҳолатҳо ҷиноят содир намуд.

 

  Чунончӣ, ӯ дар давраи фаъолияташ дидаю дониста аз он, ки хуруҷ ва вуруди сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон буда, барои гузаштани он пардохти маблағ пешбинӣ нашудааст, шахсан худаш ба воситаи шаҳрванд Ҷураев Муҳаммадҷон Камолович аз шаҳрвандон барои гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон маблағи муайяне талаб карда гирифт.

 

  Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ  Ҳидоятов Ҳ.С. дар ҷои кораш бинои гузаргоҳи сарҳадии “Дустӣ”-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии аминяти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода зимни гирифтани маблағи 3000 сомонӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ дарёфт ва гирифта шуд. 

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)

   Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар моҳҳои январ - июни соли 2022 дар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ноҳияи Шаҳринав, шаҳри Ҳисор, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ва Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани таҳлили фаъолиятро ба нақша гирифтааст.

   

  Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар доираи фаъолияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва донишкадаҳои интихобшуда, аз ҷониби гурӯҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия, ки ба ҳайати он намояндагони худи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва донишкадаҳои интихобгардида ва кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, гузаронида мешавад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобии корманди Донишгоҳ

   Эгамов Даврон Абдуҳабибович дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ дар Раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор карда истода, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст.

   

        Чунончӣ, ӯ бо мақсади ба даст овардани даромади муфту безаҳмат бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматиаш аз шаҳрванд “А” барои дохил намуданаш ба шуъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маблағи 2500 доллари ИМА-ро талаб намудааст.

   

     Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти оперативӣ-тафтишотӣ Эгамов Д.А. баъди бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматиаш аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2500 доллари ИМА дар ҷойи ҳодиса боздошт карда шуда, маблағҳои мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ дарёфт карда гирифта шуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор

   Валаматова Азизахон Ҳотамовна дар асоси қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-и шаҳри Хуҷанд таъин гардида, шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар чунин ҳолат ба содир намудани ҷинояти гирифтани пора даст зад.

   Чунончӣ, ӯ ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои  омода кардани ҳуҷҷатҳо ва додани тавсифномаи мусбат дар суд ҷиҳати имконпазир будани ба фарзандхонӣ қабул шудани ноболиғ шаҳрванд “Б” аз охирон маблағи 15000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи мазкур 10 000 сомониашро гирифта, боқимонда маблағи 5000 сомониро талаб намуд.  

  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Валаматова А.Ҳ. баъди аз шаҳрванд “А” ба сифати пора гирифтани боқимонда маблағи 5000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.

  Вобаста ба ҳолати болозикр нисбати Валаматова Азизахон Ҳотамовна бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди пурра ба итмом расонидани тафтиши пешакӣ, парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

   Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ