Тасарруфи маблағ бо роҳи сохтакории хизматӣ

 Сабуров Фаррухҷон Бозорович дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 ноҳияи Муъминобод кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш бо роҳи сохтакорӣ 34669 сомониро ҳамчун музди маош барзиёд ба суратҳисоби корти бонкиаш гузаронида, тасарруф намудааст.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Сабуров Фаррухҷон Бозорович бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Гирифтани пора барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ

 Каримов Олимҷон Тоҳирҷонович дар вазифаи раиси қамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои гирифта додани қарори вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,10 га ва минбаъд шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ ба ин қитъаи замин ба сифати пора 17.000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ дар ду ҳолат 12.000 сомониашро гирифта, боз оварда додани маблағи боқимондаро талаб кардааст.

 

 Дар натиқаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ Каримов О. Т. ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани 5 000 сомонӣ дар қойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

 

 Дар ин хусус, нисбати Каримов Олимҷон Тоҳирҷонович бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои вобаста намудани қитъаи замин

 Файзуллозода Парвиз зимни фаъолияти кориаш дар вазифаи сардори раёсати иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 20 000 доллари ИМА талаб намудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ бо роҳи сохтакории хизматӣ

 Шарипов Абдулҳамид Олимович дар вазифаи сармуҳосиби Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дар як вақт тариқи шартномавӣ дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и шаҳри Кӯлоб кору фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр дар якчанд ҳолат бо роҳи сохтакорӣ маблағи умумии 209880 сомониро ҳамчун музди меҳнат ба суратҳисоби корти пластикиаш интиқол додааст. Сипас Шарипов А.О. маблағи зикршударо нақдӣ намуда, онро бо роҳи азонихудкунӣ ба тасарруфи худ даровардааст ва дар натиҷа бо ин амали ғайриқонуниаш ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари молиявӣ расонидааст.  

 

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Изҳорот бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати Баҳромов Асадҷон Мардонович  

 

 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки санаи 14 ноябри соли 2022 аз ҷониби шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон нисбати сардори шуъбаи назорати кӯмакпулиҳои иҷтимоии раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент Баҳромов Асадҷон Мардонович бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

 

 Бо мақсади таъмини тафтиши ҳамаҷониба, холисона ва пурраи ҳолатҳои кор дар доираи парвандаи ҷиноятии мазкур Баҳромов А.М. ба сифати гумонбаршуда мавриди пурсиш қарор гирифтааст.

 

 Амалҳои тафтишӣ нисбати Баҳромов А.М. бо таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ӯ ва талаботи моддаи 46 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқҳои мурофиавии гумонбаршуда, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳимоя ва изҳори рад намуданро пешбинӣ мекунад, роҳандозӣ гардидааст. Дар рафти тафтиши пешакӣ гумонбаршуда Баҳромов А.М. оид ба фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ягон маротиба изҳори нигаронӣ накардааст.

 

 11 январи соли 2023 Баҳромов А.М. дар манзили истиқоматии худ, воқеъ дар шаҳри Панҷакент, кӯчаи М.Шерализода 26, бо сабаби асфексияи механикӣ дар натиҷаи пахшшавии узвҳои гардан вафот намудааст.

 

 Ҳарчанд дар сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби марги Баҳромов А.М. ба тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии нисбаташ оғозшуда маънидод шуда истода бошад ҳам, вале бо чунин тарз инъикос намудани ҳолати мазкур тобиши иғвоангезона дошта, ба ҳақиқат номувофиқ мебошад ва марги номбурда ба фаъолияти мақомоти Агентӣ иртиботе надорад.

 

  Новобаста аз ин, сабабҳои марги Баҳромов А.М. аз ҷониби мақомоти прокуратура мавриди санҷиш қарор дорад.

 

   Маркази матбуоти Агентӣ. 

 

 

Чоп намудан E-mail

Қаллобии директори КДФ обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан

 Директори Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан Алиев Али Ашурович зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои ҳамчун намояндаи фармоишгар қабул намудани корҳои насбкунии обченкунакҳо ва таҷҳизоти пайвасткунӣ дар шаҳри Истаравшан маблағи 14000 доллари ИМА гирифта, боз овардани 50000 сомонии дигарро талаб кардааст.

 

 Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Алиев А.А. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 50000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.  

 

 Оиди ҳолати мазкур нисбати Алиев Али Ашурович бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Гузаронидани санҷиши молиявӣ дар КВД «Тоҷиксуғурта»

Дар асоси Нақшаи тафтишу санҷишҳои молиявии Агентӣ барои солҳои 2021-2022 дар филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар шаҳри Душанбе санҷиши молиявӣ гузаронида шуд.

 

Зимни санҷиш вобаста ба даромад ва хароҷоти варақаҳои ҳисоботӣ муайян гардид, ки масъулини корхонаи мазкур ба миқдори 5375 дона полисҳои суғуртавӣ, ки маблағи он тибқи меъёрҳои муқарраршуда 668200 сомониро ташкил медиҳад ба шаҳрвандон фурўхта, ин маблағро тасарруф намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Машғулияти омӯзишӣ вобаста ба «Тартиби баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд»

 23 декабри соли 2022 дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентӣ бо ҷалби намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз ҷумла, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки кормандони алоҳидаи воҳидҳои сохтории мақомот вобаста ба «Тартиби баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2022, №506 тасдиқ карда шудааст, машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ