Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Хабарҳо

      Имрӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзӯи «Забон ҳамчун муқаддасоти миллӣ» ҷаласаи васеъ доир гардид.  ....
05.10.2017 17:30 997


    Гуруҳи корӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 18-уми мониторингӣ оид ба Нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бо коррупсия ва ҷаласаи 22-юми гурўҳи роҳбарикунандаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ки ....
03.10.2017 15:51 1690


    Тадбирҳои Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон, хусусан таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи беҳдошти фазои сармоягузорӣ дар мамлакат ва бо ин васила фароҳам овардани шароиту имконоти зарурии ҷалби сармоя ба иқтисодиёт ....
03.10.2017 13:59 3308


      Мутахасcиси пешбари зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон Азизов Акмал Исматуллоевич ва ёрдамчии калони сардори зершуъбаи сафарбари Комисcариати ҳарбии ноҳияи Ёвон Темуров Умедҷон Давлатшоевич аз шаҳрванд «А» барои ба номи писараш тайёр карда додани билети ҳарбӣ ....
30.09.2017 10:14 1000


      Коррупсия тавозуни ҷамъиятиро вайрон намуда, боиси норозигии аҳолӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлатҳо мегардад. Бинобар ин давлату ҳукумат пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар ҷумҳурӣ заминаҳои моддию маънавиро фароҳам оварда муборизаро бо ин падидаи номатлуб қотеъона ба роҳ ....
28.09.2017 11:21 1151


    Шайхов Авазхон Зоғакович дар вазифаи сардори зершуъбаи даъват ва таёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш бо сӯиистифода аз мақоми хизматӣ барои тайёр намудани билети ҳарбии ғайриқобили хизмати ҳарбӣ аз шахрванд ....
25.09.2017 01:20 1095


    Мирзоев Умаралӣ Мирзошарипович аз 17.04.2000 то 02.01.2014 сол дар вазифаи мудири Филиали №76 БДА «Амонатбонк» дар ноҳияи Рашт кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколати мансабӣ бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ба номи писараш Мирзоев Масъудҷон ....
24.09.2017 06:27 1106


     Розиқов Бозор Абдураҳмонович дар вазифаи ходими калони илмӣ ва иноватсияи Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар соҳаи маориф кор карда истода, дар давоми фаъолияти кориаш ба боварии шаҳрванд Марупов М. даромада, барои мусоидат намудан дар гузаронидани ....
22.09.2017 06:36 1170


      Миразизов Рустам Аламович ҳамчун аъзои хоҷагии деҳқонии «Бег»-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон Саидботирова М.О. ва Саидботиров Ҳ.С. даромада, онҳоро бовар кунонидааст, ки бар ивази маблағи 12.000 доллари ИМА аз ҳисоби заминҳои ҷамоати ....
15.09.2017 12:31 1169


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.