Вохӯрии директори Агентӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 январи соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф баргузор гардид.

 

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои муштарак байни Агентӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин замина таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани тадбирҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ ироа гардиданд.

 

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баҳри мустаҳкам намудани робитаҳои дуҷониба дар ояндаи наздик байни Агентӣ ва мақомоти зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Федеративии Олмон санади ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия омода карда шуда, ба имзо расонида шавад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ