Суханронии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

 

Аз 2 то 4 июни соли 2021 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка иҷлоси махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тариқи маҷозӣ (онлайн) баргузор гардид, ки дар он директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Султонзода Сулаймон Саид дар атрофи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастовардҳо дар ин самт суханронӣ намуданд.

Ибрози андеша карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини иҷрои талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ фаъолона ширкат намуда, дар ин замина ба дастовардҳои намунавӣ ноил гардидааст.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки давра ба давра таъмин гардидани иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ вобаста ба масоили коррупсия аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон далели возеҳи ҳамрадифи ҷомеаи ҷаҳонӣ будани кишвари моро собит месозад.

Дар идома зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ оид ба воқеан татбиқ гардидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.

Ҷаласа дар маҷмӯъ дар сатҳи баланд ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, умед аст, ки қарори дар он қабулгардида ҷиҳати шаффофияти муқовимат ба коррупсия мусоидат хоҳад кард.

 

           Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ