Бо роҳи сунъӣ баланд бардоштани нархи чиптаи ҳавопаймо

 

Маҷидов Шаҳзод Давлатович дар вазифаи нозири муоинаи хадамоти амнияти авиатсионии ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе” фаъолият намуда, бо сӯиистифода аз мансаб ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт нархи чиптаҳои ҳавопаймои самти Душанбе Москваро бо роҳи сунъӣ то маблағи 12500 сомонӣ муайян карда, гарчанде нархи аслии чиптаи мазкур 8550 сомониро ташкил медод, аз шаҳрванд “А” маблағи иловагии 2000 сомониро ҳамчун пешпардохт гирифта, овардани боқимонда маблағи 10500 сомониро талаб кард.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Маҷидов Ш.Д. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 10500 сомонӣ дастгир карда шуд.

Дар ин хусус нисбати Маҷидов Ш.Д. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

 

          Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан