Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев 24.11.2023

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот доир намуданд.

Пешвои миллат, аз ҷумла қайд карданд, ки мо ба муносибатҳои боэтимоди  байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо баҳои баланд медиҳем.

Таъкид карда шуд, ки соли равон, сарфи назар аз тамоюлоти буҳронӣ дар низоми равобити байналмилалӣ барои муносибатҳои дуҷонибаи мо хеле бобарор буд.

Роҳбари давлат зикр карданд, ки яке аз падидаҳои муҳимми он – сафари давлатии муҳтарам Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар натиҷаи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба кишвари мо ҷонибҳо бастаи муҳимми санадҳои байниҳукумативу байнисоҳавиро  ба имзо расониданд, ки муносибатҳои дуҷонибаро бо муҳтавои сифатан нав ғанӣ гардонид.

Дар ин замина, қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии тавофуқномаҳои бадастомадаро қабул намуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳалталаби минтақавию байналмилалӣ низ мавриди гуфтушунид қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон хоҳони ба минтақаи амну шукуфо табдил ёфтани Қафқози Ҷанубӣ мебошад.

Дар интиҳои суҳбат Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои худ муҳтарам Илҳом Алиевро барои бомуваффақона гузаронидани Саммити Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) арзи сипос намуда,  ба саҳми босазои Озарбойҷони дӯст дар пешбурди Барномаи мазкур баҳои баланд доданд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ