Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Ҷаласаи XX Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (КСОНР)

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар 10 майи соли 2019 зикр намуданд: “Бояд таъкид намоям, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем”.

Ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироӣ, ки дар иқтисоди ҷаҳонии имрӯза пайваста сурат гирифта истодааст, ба сатҳи содиршавии ҷиноятҳо дар иқтисодиёт таъсири манфӣ расонида истодааст. Трансмиллӣ гардидани ҷинояткорӣ, мушкил шудани тарзи содир гардидани ҷиноятҳо дар навбати худ ба душвор шудани ошкори онҳо низ оварда расонида истодааст.

Аз ин сабаб ҳолати мазкур давлатҳоро водор месозад, ки ҷиҳати муттаҳид намудани қувваҳо, саъю кӯшиш, ба танзим даровардани низоми қонунгузорӣ ва якҷоя муайян намудани самти фаъолият бобати ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ чораҳои умумии судмандро роҳандозӣ намоянд.

Дар ин бобат 20 октябри соли 1999 аз тарафи роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созмон дода шуда, муваффақона фаъолият дорад. Шуро масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодиро ҳамоҳанг сохта, дар ин асно таклифу пешниҳодҳои худро манзур медорад, ҷаласаҳоро омода ва ташкил менамояд, экспертизаи ҳуқуқиро гузаронида, лоиҳаи созишномаҳои байналмилалиро мутобиқ менамояд. Ҳамчунин Шуро фаъолияти якҷояи мақомотҳои молиявиро зимни тафтиши ҷиноятҳои иқтисодӣ ва масъалаҳои баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро дар ин самт ташкил ва ҳамоҳанг месозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ки аъзои ИДМ ба ҳисоб меравад, ҳамзамон аъзои фаъоли Шурои мазкур маҳсуб меёбад.Бо ин мақсад бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 21-23 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузории 20-умин ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони мақомотҳои тафтиши давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Узбекистон, Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ИДМ ва ҳамчун мушоҳид-намояндагон аз давлати Латвия иштирок карданд.

           Дар ҷаласа масъалаҳои интихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун раисикунандаи Шуро, рафти иҷрои масъалаҳои қаблан дар Шуро қабулгардида, доир ба фаъолияти анҷомдодаи мақомотҳои тафтиши молиявии давлатҳои ИДМ, муқовимат ба маблағгузории терроризм, нақшаҳои минбаъдаи фаъолияти Шуро барои солҳои 2019-2023 ва дигар масъалаҳо баррасӣ шудаанд.

       Дар кишвари мо баргузор гаштани чорабинии мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо дигар давлатҳо бар зидди ҳамагуна қонунвайронкуниҳо, аз он ҷумла бо ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти трансмиллидошта муборизаи беамон бурда, ҷиҳати таъмини амнияти иқтисодии кишвар, барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон чораҳои судмандро роҳандозӣ хоҳад кард.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.