Ифтитоҳи сардхона ва ду коргоҳи истеҳсолӣ дар деҳаи Селбури деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ

Ифтитоҳи сардхона ва ду коргоҳи истеҳсолӣ дар деҳаи Селбури деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ 20.10.2023

20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Селбури деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои сардхона ва ду коргоҳи истеҳсолиро ба истифода доданд.

Коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нонӣ, мевахушкунӣ, бандубаст ва анбор барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи сокини ватанпарвари ноҳияи Восеъ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мир Осор” Нуриддин Қаҳҳоров дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони нав сохта шудааст.

Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ ва сардхона ҳамагӣ 35 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар корхона дар як баст 10 намуд маҳсулоти қаннодӣ дар ҳаҷми 2 тонна истеҳсол карда мешавад. Дар коргоҳи дигар дар як баст 5 тонна мева ва сабзавот хушконида шуда, ҷавобгу ба талаботи бозор ва рақобатпазир бастабандӣ мешавад.

  Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳҳо аз кишварҳои тараққикардаи олам, аз ҷумла аз давлати Туркия харидорӣ ва насб шудааст.

Дар бинои нави сардхона имкон аст, то 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгир карда шавад. Айни ҳол коргарони ҷамъият ҳосили заминҳои кишти худ, аз қабили сабзавоту меваҷотро барои талаф наёфтан ва ҷиҳати дар тамоми сол пурра таъмин кардани сокинон бо маҳсулоти тару тоза, захира намудаанд.

Иншооти мазкур баҳри амали кардани ҳадафи чоруми стратегии кишвар, ҷиҳати рушди саноаткунонии босуръат ва таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содирот ва рақобатнокии он бунёд шудааст.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дорои сифати баланд ва рақобатпазир буда, дар бозори дохилӣ  талабот ба он зиёд аст. 

Бояд гуфт, ки дар 9 моҳи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 23 корхона ба истеҳсоли меваи хушк ва 107 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми 4,5 ҳазор тонна меваи хуш ё 90,7 фоиз ва 18,4 тонна маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол намуданд. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 аз қаламрави ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 358,4 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва 54 138 тонна меваи хуш содирот гардидааст.

Дар ҳамин мавзеъ аз тарафи роҳбарияти Хоҷагии деҳқонии “Ҳусайн”-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мир Осор” дар масоҳати 3,3 гектар замин боғ бунёд гардидааст. Барои истифодаи самараноки замин дар байни қатори дарахтон сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ кишт карда шудааст.

Дар хоҷагии деҳқонии “Ҳусайн” 10 нафар ба таври доимӣ ва 40 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб мегарданд. Дар ҳудуди заминҳои хоҷагӣ барои боло бурдани иқтидори истеҳсолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла лиму дар масоҳати 0, 6 гектар замин гармхона бунёд кардаанд.

Дар саҳни бинои коргоҳҳои нави Ҷамъяити дорои масъулияти маҳдуди “Мир Осор” дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида шуда, бо гулҳои зебои мавсимӣ оро ёфтааст.

Роҳравҳои иншооти мазкур бошад, пурра сафолакпӯш гардида, гирду атрофи муассиса чароғон карда шудааст.

Баъди шиносоӣ бо шароиту имконоти коргоҳҳо ва сардхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти хоҷагии бисёрсоҳаи “Мир Осор” барои обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои корӣ ва истеҳсоли молу маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ изҳори сипос намуданд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ