Қаллобӣ барои озод намудан аз хизмати ҳарбӣ

 

Дустов Раҷабали Ҷумахонович дар вазифаи сардори Дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершуъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати хизматӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародараш маблағи 22000 сомонӣ талаб намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ Дустов Р.Ҷ. баъди бевосита талаб карда гирифтани маблаѓи 22000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи 22000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Дустов Раҷабали Ҷумахонович парвандаи ҷинояти бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ба Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ирсол карда шуд.

          Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ