Суҳбату вохӯриҳои кормандони Агентӣ бо масъулини вазорату идораҳо доир ба вазъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ

Истифодаи мақсадноки биноҳо, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, воситаҳои электронӣ, маблағҳо ва молу мулки дигари давлатӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобаста карда шудаанд, яке аз самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия маҳсуб меёбад.

 

Бо ин мақсад аз ҷониби масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор вазорату идораҳо аз қабили Палатаи ҳисоб, Агентии хизмати давлатӣ, Вазорати фарҳанг, Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта», Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи телевизион ва радио ва зерсохторҳои он дар моҳи майи соли ҷорӣ чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ роҳандозӣ гардиданд.

 

Зимни баргузории чорабинӣ ба ҳозирин мазмун ва моҳияти талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” фаҳмонида дода шуда, вазъи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар самти болозикр мавриди муҳокима қарор гирифт.

 

Дар навбати худ шштирокчиён низ доир ба мавзўъ нуқтаи назари хешро иброз дошта, қайд намуданд, ки ин қабил чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахрвандон заминагузор буда, дар роҳи пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии вобаста ба коррупсия таъсири мусбӣ мерасонад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан