Қаллобӣ барои додани иҷозатнома

 

Сардори Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи таркандаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдамири Файзиддин бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани иҷозатномаи «Фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ» ва «Истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сухтан доранд» маблағи 23000 сомониро талаб намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ Сайдамири Файзиддин пас аз гирифтани маблағи 23000 сомонӣ дар утоқи кориаш, дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд.

Оиди ҳолати мазкур нисбати Сайдамири Файзиддин бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ, ба суд ирсол карда шуд.

          Маркази матбуоти Агентӣ

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ