Қаллобӣ барои додани қитъаи замин

 

Санатуллозода Суҳбатулло дар мансаби роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ, бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ба миқдори махсусан калон тасарруф намудани молу мулки ғайр аз шаҳрванд “А” барои дар масоҳати 2627 м² ҷудо карда додани қитъаи замин бо мақсади сохтмони майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ дар якчанд ҳолат дар маҷмуъ маблағи 102702 сомониро гирифта, тасарруф намуда, ба шаҳрванд зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Санатуллозода Суҳбатулло бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ  

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ