Ҷаласаи 10-уми Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 1 майи соли 2023 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Шӯро доир гардид.

 

Дар ҷаласа натиҷаҳои мониторинги маҷмӯии ҷараёни иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), тадқиқоти сотсиологӣ оид ба муқаррар намудани сатҳи коррупсия дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, ҳолати иҷрои Нақшаи кори Шӯро дар соли 2022, раванди татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” ва дигар масъалаҳои марбут ба муқовимат ба коррупсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Зуҳуроти номатлуби коррупсия воқеан дар ҷомеаи муосир дар баробари дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, яке аз мушкилотҳои дигаре, ки бевосита ба сатҳи зиндагии аҳолӣ ва амнияти иқтисодии давлатҳо хисороти бузурги моддию маънавӣ мерасонад, боқӣ мондааст.

 

Дар баробари ин, бо назардошти шаклҳои нави зуҳурёбии ин падидаи номатлуб, зарурати пайдо намудани роҳу усулҳои муосир ва самарабахши мубориза бо он пайваста ҷой дорад ва вобаста ба сатҳи инкишофи иқтисодӣ, низоми сиёсӣ ва хусусиятҳои хоси давлатҳои алоҳида то ҳол маҷмӯи ягонаи механизми муқовимат ба коррупсия коркард ва дарёфт нагардидааст.

 

Маҳз бо талошҳои пайвастагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия чораҳои мақсаднок роҳандозӣ гардида, баҳри дар амал татбиқ намудани он санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ таҳия ва ба тасвиб расонида шудааст.

 

Айни ҳол Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021 - 2025), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 августи соли 2021, №222 тасдиқ гардидааст, ҳамчун ҳуҷҷати асосии муайянкунандаи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати кишвар мавриди амал қарор дошта, ҳадафи он аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати ин падидаи номатлуб дар Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

 

Бо натиҷаи ҷаласа баҳри дар минбаъда боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия, таҳлил ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ, иҷрои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва дарёфти роҳу усулҳои муосири пешгирии амалҳои коррупсионӣ қарори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан