Гирифтани маблағ барои омода намудани шаҳодатномаи ронандагӣ

 

Ибодуллозода Нематулло дар вазифаи директори Мактаби ронандатайёркунии ҶДММ “Чархи Роғун”-и ш. Истаравшан кор карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Абдуллоев Илҳомҷон Иномҷонович, барои тайёр карда додани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаҳои “В,С,Е” аз шаҳрванд “А” маблағи 8200 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомонӣ гирифта боз оварда додани боқимонда маблағи 3200 сомониро талаб намудаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ бевосита баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 3200 сомонӣ Ибодуллозода Нематулло дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун делали шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Оиди ҳолати мазкур нисбати Ибодуллозода Нематулло ва Абдуллоев Илҳомҷон Иномҷонович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расонидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан