Қаллобӣ барои кумак намудан дар ҳалли парвандаи ҷиноятӣ

 

Шаҳрванд Абдуллоев Абдукарим Рауфович дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён, капитани милитсия Зиёдализода Матлюба ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои кумак намудан дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати писараш дар шаш ҳолат маблағи умумии 154000 сомониро гирифта ин маблағро тасарруф намуда ба манфиати охирин ягон амали муайянеро иҷро накарданд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Абдуллоев А.Р. ва Зиёдализода Матлюба бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда шуда, парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ