Қаллобӣ барои додани шаҳодатномаи хатми мактаб

 

Шаҳрванд “А” ба Агентӣ бо ариза муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки нисбати омӯзгори Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Бустони вилояти Суғд, бо номи Солиев Мамадҷон чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда оиди омода карда додани шаҳодатномаи хатми мактаб барои синфи 11 аз ӯ маблағи пулии 1 000 доллари ИМА талаб карда, аз ин маблағ 500 доллари ИМА-ро гирифта боқимонда 500 доллари ИМА-и дигарашро талаб карда истодааст.

Дар натиҷа, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони Агентӣ, Солиев М. баъди аз  шаҳрванд “А” гирифтани маблағи пулии 500 доллари ИМА боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд.

Ҳамин тариқ, нисбати Солиев Мамадҷон бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

          Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ