Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ бо роҳи сохтакории хизматӣ

 Шарипов Абдулҳамид Олимович дар вазифаи сармуҳосиби Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дар як вақт тариқи шартномавӣ дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и шаҳри Кӯлоб кору фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр дар якчанд ҳолат бо роҳи сохтакорӣ маблағи умумии 209880 сомониро ҳамчун музди меҳнат ба суратҳисоби корти пластикиаш интиқол додааст. Сипас Шарипов А.О. маблағи зикршударо нақдӣ намуда, онро бо роҳи азонихудкунӣ ба тасарруфи худ даровардааст ва дар натиҷа бо ин амали ғайриқонуниаш ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари молиявӣ расонидааст.  

 

 Оиди ҳолатҳои мазкур нисбати Шарипов Абдулҳамид Олимович бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан