Изҳорот бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати Баҳромов Асадҷон Мардонович  

 

 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки санаи 14 ноябри соли 2022 аз ҷониби шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон нисбати сардори шуъбаи назорати кӯмакпулиҳои иҷтимоии раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент Баҳромов Асадҷон Мардонович бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

 

 Бо мақсади таъмини тафтиши ҳамаҷониба, холисона ва пурраи ҳолатҳои кор дар доираи парвандаи ҷиноятии мазкур Баҳромов А.М. ба сифати гумонбаршуда мавриди пурсиш қарор гирифтааст.

 

 Амалҳои тафтишӣ нисбати Баҳромов А.М. бо таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ӯ ва талаботи моддаи 46 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқҳои мурофиавии гумонбаршуда, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳимоя ва изҳори рад намуданро пешбинӣ мекунад, роҳандозӣ гардидааст. Дар рафти тафтиши пешакӣ гумонбаршуда Баҳромов А.М. оид ба фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ягон маротиба изҳори нигаронӣ накардааст.

 

 11 январи соли 2023 Баҳромов А.М. дар манзили истиқоматии худ, воқеъ дар шаҳри Панҷакент, кӯчаи М.Шерализода 26, бо сабаби асфексияи механикӣ дар натиҷаи пахшшавии узвҳои гардан вафот намудааст.

 

 Ҳарчанд дар сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби марги Баҳромов А.М. ба тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии нисбаташ оғозшуда маънидод шуда истода бошад ҳам, вале бо чунин тарз инъикос намудани ҳолати мазкур тобиши иғвоангезона дошта, ба ҳақиқат номувофиқ мебошад ва марги номбурда ба фаъолияти мақомоти Агентӣ иртиботе надорад.

 

  Новобаста аз ин, сабабҳои марги Баҳромов А.М. аз ҷониби мақомоти прокуратура мавриди санҷиш қарор дорад.

 

   Маркази матбуоти Агентӣ. 

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ