Баимзорасонии “Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия”

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Беларус  11.10.2022

 11 октябри соли 2022 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри миллат аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Швед Андрей Иванович

“Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия” ба имзо расонида шуд.

 

 Баимзорасонии Созишномаи мазкур бо назардошти эътироф намудани асосҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти миллӣ, баробарӣ ва манфиатҳои ҳарду давлати дӯсту бародар ба мақсад мувофиқ шуморида шуда, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки барқарорсозии ҳамкориҳои мутақобилаи судманд миёни мақомотҳои марбута дар оянда ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду мамлакат мусоидат намуда, барои тақвият бахшидани неруҳои муборизабарандаи зидди коррупсия таъсири мусбӣ мерасонад.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ