Қаллобӣ барои омода намудани шиносномаи техникии ҳавлидорӣ
Ҷамшеди Сайҷалол дар вазифаи мутахассиси шуъбаи №1 Раёсати барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръӣ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе кор карда, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, аз номбурда бо баҳонаи омода намудани шиносномаи техникии ҳавлидории хонаи истиқоматӣ дар ду ҳолат маблағи 1000 доллари ИМА ва 3900 сомонӣ гирифта, ба манфиати охирин ягон амали муайянро иҷро накардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҷамшеди Сайҷалол бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятии мазкур пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ