Талаби 50.000 сомонӣ барои ҷудо намудани қитъаи замин

  Нозимов  Шамсулло  Нуруллоевич дар вазифаи муовини раиси ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Варзоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд “А” даромада, ваъда додааст, ки ба ивази маблағи 50.000 сомонӣ ба охирин аз ҳудуди заминҳои ҷамоати номбурда 0,04 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад. Сипас Нозимов Ш.Н. аз шаҳрванд “А” 20 000 сомонӣ гирифта, боз оварда додани боқимонда 30 000 сомонии дигарро талаб намудааст.

 

 Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Нозимов Шамсулло Нуруллоевич баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 30 000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

 

 Дар ин хусус, нисбати Нозимов Ш.Н. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail