Ба имзо расонидани “Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия”

   23 августи соли 2022 раиси Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин ҷаноби Роид Муҳаммад Радван бо ҳайати расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

 

 Меҳмононро директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид истиқбол гирифта,  ташрифи онҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

 

   Дар раванди мулоқоти дуҷониба нахуст ба меҳмонон дастовардҳои Агентӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дастовардҳои илмӣ-амалӣ, китобхона, толорҳои баргузории ҷаласаҳои васеъ ва шарту шароитҳои кормандон муаррифӣ гардида, сипас маросими баимзорасонии  “Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия” баргузор гардид.

 

 Зимни баимзорасонии Ёддошт директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид иброз доштанд, ки  Агентӣ ҳамеша ҷонибдори бештар ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар самти муқовимат бо коррупсия буда, дар навбати худ ба имзо расонидани Ёддошти мазкурро заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳои минбаъда бо давлати Фаластин дар самти муқовимат ба коррупсия арзёбӣ карданд.

 

 Дар идомаи чорабинӣ раиси Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин ҷаноби Роид Муҳаммад Радван роҷеъ ба мавзӯъ баромад карда, барои истиқболи гарму самимии мардуми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

 

 Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи Ёддошти мазкур муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи муқовимат ба коррупсия буда, барои андӯхтани тарҷибаҳои илмӣ-амалӣ дар ин самт равона карда шудааст.

 

 Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфта, барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори умедворӣ карда шуд.

 

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail