Иштироки директори Агентӣ дар ҷаласаи XXI Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои аъзои ИДМ

 11 августи соли 2022 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи XXI Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

 

 Ҳайати кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ, муҳтарам  Султонзода Сулаймон Саид дар чорабинии мазкур иштирок намуданд.

 

 Инчунин, дар ҷаласа намояндагон аз давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзида, фаъолияти Шўрои мазкурро дар самти таҳкими сулҳу субот ва амният, аз ҷумла амнияти иқтисодӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ намуданд.

 

 Таъкид гардид, ки фаъолияти Шӯро мунтазам рушд намуда, он имкон медиҳад, ки содиршавии ҷиноятҳои иқтисодии трансмиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ пешгирӣ карда шуда, нисбат ба онҳо чораҳои зарурии саривақтӣ андешида шавад.

 

 Зимнан, ишора карда шуд, ки вазъи ҷаҳони муосир пайваста ноором гардида, захираҳои иқтисоди пинҳонӣ барои пурзӯр намудани фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ мусоидат менамоянд ва даромадҳои аз содиршавии чунин ҷиноятҳо бадастомада ба яке аз манбаъҳои асосии терроризми байналмилалӣ табдил ёфтааст.

 

 Илова ба ин, иштирокчиён дар ҷаласа масъалаҳои мубрами мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, муқовимат ба маблағгузории ифротгароӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ки бо истифода аз интернети ҷаҳонӣ ва воситаҳои рақамии пардохт содир мешаванд, баррасӣ намуда, вобаста ба тарзу усулҳои ошкори ҷиноятҳо дар ин самт табодули афкор намуданд.

 

 Дар охир, бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати боз ҳам пурзӯртар намудани мубориза бо чунин шакли ҷинояткории трансмиллӣ ҳамкориҳо дар доираи Шӯро тақвият дода шавад.

 

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail