Қаллобии корманди нозироти андоз

 Баҳодуров Сафохӯҷа Бурҳонхӯҷаевич ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси гурӯҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони бо патент фаъолияткунандаи шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони  Нозироти андоз дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд кор карда, зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои рӯйпӯш намудани қонунвайронкуниаш маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст.

 

  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Баҳодуров С.Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Баҳодуров Сафохӯҷа Бурҳонхӯҷаевич бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан