Қаллобӣ барои омода кардани шаҳодатномаи хизмати ҳарбии корношоям

 Нарзуллоев Сайёдҷон Боймуродович дар вазифаи сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани шаҳодатномаи хизмати ҳарбии корношоям маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомониашро гирифта, боз оварда додани маблағи боқимондаро талаб намудааст.

 

 Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Нарзуллоев С.Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2000 сомонии дигар дар ҷой ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

 

 Вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Нарзуллоев Сайёдҷон Боймуродович бо моддаи 247 қисми 2 банди “в" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан