Омӯзиши дастаҷамъонаи китоби “Тоҷикон”

 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва огаҳӣ аз таъриху тамаддуни хеш, омӯзиши дастаҷамъонаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро дар байни ҳайати шахсии мақомот ба роҳ мондааст.

 

 Бо ин мақсад таърихшиносону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷалб гардида, мазмуну моҳияти ин шоҳасар ва ҳодисаҳои таърихии халқи тоҷик аз давраҳои хеле қадим то замони муосир мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

 

 Китоби “Тоҷикон” дар муаррифӣ ва ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик нақши бениҳоят калон дошта, ба густариши эҳсоси ватандӯстӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард”.

 

 Кормандони Агентӣ аз қаҳрамониву диловарии халқи тоҷик ифтихор намуда, зери сиёсати дурандешони Пешвои муаззами миллат бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ баҳри ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

 

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ