Семинари омӯзишии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Дарёфти роҳҳои муосир ва самараноки муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

  26-27 майи соли 2022 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва ҷалби намояндагон аз вазорату идораҳои давлатӣ дар истироҳатгоҳи “Сароб”-и ноҳияи Варзоб семинари омӯзишии ҷумҳуриявӣ зери унвони “Дарёфти роҳҳои муосир ва самараноки муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

 

 Нахуст чорабиниро роҳбарияти Агентӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳузури иштирокчиёнро ба семинари мазкур хайрамақдам гуфтанд.

 

  Қайд гардид, ки семинари мазкур яке аз чорабиниҳои тақвиятбахшандаи фаъолияти кулли соҳаҳо дар самти муқовимат ба коррупсия маҳсуб ёфта, бори дигар аз сиёсати оштинопазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин падидаи номатлуб шаҳодат медиҳад.

 

 Дар идомаи семинар, ки давоми ду рӯз баргузор гардид, кормандони Агентӣ ва намояндагони дигар вазорату идораҳои давлатӣ бо маърӯзаҳои пурмазмуну пурмӯҳтаво баромад намуда, вобаста ба мавзӯъҳои баррасишаванда изҳори андеша намуданд.

 

 Семинари омӯзишӣ дар фазои дӯстӣ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва осудагии ватани азизамон доир гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки он баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар мамлакат заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail