Семинари омӯзишӣ бо масъулини самти муқовимат ба коррупсияи дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ

   20-21 майи соли 2022 дар бинои маъмурии дастгоҳи марказии Агентӣ бо иштироки муовини директори Агентӣ, генерал-майори адлия Аҳмадзода М.Р. ва масъулини самти муқовимат ба коррупсияи дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ дар доираи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

 

 Чорабинии мазкур бо мақсади мубодила ва такмил додани таҷрибаи кормандони воҳидҳои маҳаллию минтақавии самти муқовимат ба коррупсияи Агентӣ, ҷиҳати ошкор ва баррасии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, гузаронидани санҷишҳои ҳолати иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тартиби баргузории чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва таҳлили хавфҳои коррупсия роҳандозӣ карда шуд.

 

 

 Ҳамзамон атрофи таърихи пайдоиши коррупсия ва таҷрибаи давлатҳои муваффақ дар самти паст кардани шиддати коррупсия мавзуъҳо матраҳ гардида, донишу таҷрибаи кормандон баҳри гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотии зиддикоррупсионӣ ва дарёфти роҳҳои нави муқовимат ба коррупсия баланд бардошта шуд.

 

 

  Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ