Гирифтани пора барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ

 Шаҳрванд “А” бо ариза ба Агентӣ муроҷиат намуда хоҳиш кард, ки нисбати мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ бо шахсони ҳуқуқии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат Ғаффоров Ҷамшед Ҳакимович чораи қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба доираи ваколати хизматиаш дохил мешавад, аз охирин ба сифати пора маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда маблағи 5000 сомониро талаб намуда истодааст.

 

 Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ғаффоров Ҷ.Ҳ. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.

 

 Оиди ҳолати мазкур нисбати Ғаффоров Ҷамшед Ҳакимович бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид. 

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ