Қаллобӣ барои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ

  Муҳаммадҷонзода Олимҷон Осим дар вазифаи мутахассис-заминсози ҶДММ “Кошиф-2017” кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров маблағи 7000 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.           

 

   Сипас, Муҳаммадҷонзода О.О. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, боз аз шаҳрванд “А” барои гирифта додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин маблағи 5000 сомониро дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров гирифта тасарруф намуда ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф намуд, ки дар натиҷаи ин кирдори ғайриқонуниаш ба охирон зарари ҷидии моддӣ расонид.

 

  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муҳаммадҷонзода О.О. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail