Талаби пора барои ивази шиносномаи манзили истиқоматӣ

  Буриев Бузургмеҳр Хушмуродович дар вазифаи сардори шуъбаи бақайдгирии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Варзоб фаъолият карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани иқтибос ва варақаи бақайдгирӣ аз феҳрести ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ба манзили истиқоматии падараш инчунин мусоидат намудан баҳри иваз намудани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ маблағи 4200 сомониро талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 2700 сомониашро гирифта боз оварда додани боқимонда 1500 сомонии дигарро талаб намуд.

 

 Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Буриев Б.Х. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 1500 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Буриев Бузургмеҳр Хушмуродович бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан