НАВРӮЗИ АҶАМ

 Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, хамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то имрӯз расидааст.

                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

 

НАВРӮЗИ АҶАМ

 Наврӯз дар таъриху тамаддуни тоҷикон-рӯзи фараҳмандтарин, оғози соли нав ва эҳёи табиат ба ҳисоб меравад. Наврӯз аз ҷашнҳои фархундаи мардуми тоҷик аст, ки таърихи хеле қадима дошта, аҷдодони мо дар тӯли ҳазорсолаҳо  ин ҷашнро бо тамоми нафосаташ то ба имрӯз расониданд. Дар ойини Наврӯз беҳтарин хислатҳои миллати тоҷик, чун ҳаётдӯстиву зебопарастӣ, меҳмоннавозиву сулҳдӯстӣ ва накӯкориву хайрхоҳӣ таҷассум ёфтааст. Ин аст, ки Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфта, он дар таҳкими сулҳу дӯстӣ ва раъиятпарварӣ дар ҷаҳон хидмат мекунад.

 

 Вобаста ба таърихи қадима доштани Наврӯз ва ҷашнгирии он ақидаҳои олимони соҳаи таъриху фарҳангшиносӣ гуногун мебошад. Масалан, яке муҳаққиқони соҳавӣ профессор Меҳрдоди Баҳор чунин меҳисобад, ки ҷашнгирии Наврӯз аз сеҳазорсолаи пеш аз милод оғоз мегирад, ва кулли муҳаққиқон итминони онро доранд, ки Наврӯз ҷашни миллии маҳз мардуми ориёиҳо мебошад. Сабаби чунин пойдории ин ҷашни оламшумули мардуми ориёӣ - Наврӯзи аҷам дар он мебошад, ки тамоми ҷузъҳои зебои ҳаёт, хотироти накӯ ва қаҳрамонҳои асотирии ин мардумон маҳз ба ҳамин рӯз рост меояд, аз ҷумла: тавлиди шоҳ Каюмарс ва Зардушт, ки дар ин рӯз ба дунё омадаанд.

 

 Умуман ин ҷашн ба ҷаҳонбинӣ ва ҳуввияти миллии мардуми ориёӣ алоқаи бениҳоят зич дорад. Тибқи ривоятҳои асотирӣ мардумони ориёӣ ҷашнгирии Наврӯзро дар давраи ҳукмронии шоҳ Ҷамшед оғоз намуда, ҳама накӯкориҳои онро мардумон бо «Рӯзи нав»-Наврӯз қабул намуданд ва он дар тамоми қаламрави империяҳои бузурги Ҳахоманишӣ, Сосонӣ ва Сомониён ҷорӣ гардида буд ва то ба имрӯз ба мо омада расидааст. Фирдавсии бузург бахшида ба оғози Наврӯзи оламшумул чунин овардааст:

             

              Ба Ҷамшед бар гавҳар афшондаанд,

              Мар он рӯзро, рӯзи нав хонданд.

              Сари Соли нав Ҳурмузи фарвардин,

              Баросуд аз ранҷ тан, дил аз кин…

              Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,

              Бимонда аз он хусравон ёдгор.

 

 Баъди қабул гаштани дину оини мубини ислом ва забони нав дар давоми «хомушии ду асра» мардуми ориёӣ тавонистанд фарҳанги хешро нигоҳ дошта, онро равнақ диҳанд. Ин эҳёгардони як ҷузъи қадимаи тамадун ва фарҳанги мардуми ориёитабор буда, ҳиссаи босазоест дар тамадун ва фарҳанги умумибашарӣ, ин ҷашни бошукӯҳ тамоми мардумонро барои ҳаёти накӯ, дӯсти ва накӯкорӣ даъват мекунад.

 

 Дар  миёни тамоми ҷашну маросимҳое, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар дунё ҷашн гирифта мешавад Наврӯз яке аз ҷашнҳои зеботарин ва қадимтарин ба ҳисоб меравад. Наврӯз дар тӯли 7 рӯз бо тайёрии ҳамаҷониба ҷашн гирифта мешавад. Муҳаббати  беандозаи ниёгони мо ба тозагии ватан ва диёри хеш ҳифзу ҳимояи сарватҳои фарҳангии худ ҳанӯз аз замонҳои қадим дар ниҳоди онҳо ҷой гардида буд. Онҳо сару либоси хеш ва ҷиҳози хонадонашонро озода гардонида, манзилу макони хешро оро медоданд ва дастархони наврӯзии хешро бо маводҳои ҳафтсин ва ҳафтшин  густурда, омадани Наврӯзро интизорӣ мекашиданд. Тибқи ақидаи шарқшиноси маъруф Р.Фрай фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон дар равнақи тамаддуни ҷаҳони ислом он қадар бузург аст, ки саҳми тамаддуни юнониҳо дар барқарории фарҳанги масеҳӣ ҳамон қадар мебошад.

 

 Қадамҳои устувор барои ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз дар Конфронси байналмилалии Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Абу Даби 28 сентябри соли 2009 гузошта шуда, 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз, тартиб дода мешавад, дохил карда шуд.

 

 Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ҷашни ниёгони мо Наврӯз, 19 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64 Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид - Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ҷаҳонишавии Наврӯз бо пешниҳод ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон сурат гирифтааст, ки дар пойдории анъанаҳои миллӣ саҳми бузург аст. 

 

 Ин иқдом аз бузургиву шаҳомати Наврӯз, ки минбаъд доманаи анъанаҳои он, чун пайвандгари тамаддунҳо ва халқу кишварҳо густариш хоҳад ёфт, шаҳодат медиҳад.

 

 Ба андешаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши руҳ ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст».       

 

 Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфта, сол аз сол шукӯҳу ҷалоли бештар мегирад. Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тули садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳуввияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонанд.

 

 Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии иди баҳор - Наврӯз аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳаммаи Шумо саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои ҳамарӯзаатон пешравиҳои назаррасро орзу дорем. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ ва ҷашни пуршукуҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ, офтоби бахтатон доим дар болои саратон тобанда, дастархони ҳар хонадон пурфайзу баракат ва ҳар рӯзи мардуми диёр саршор аз нишоту сарсабзиҳо бошад. Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бошад!

 

 Роҳбарияти Агентии назорати давлатии

молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ