Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ бо роҳи сохтакории хизматӣ

 Файзулаев Ҳабибулло Нусратуллоевич дар вазифаи сармуҳосиби шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар асоси маслиҳати пешакӣ бо кормандони зертобеи худ-муҳосибони музди маоши шабакаи мазкур Алишеров Исмоилҷон Ҷурахонович ва Ҳалимов Маҳмадюсуф Ибрагимжонович бо истифодаи ваколати мансабдорӣ ба тасарруфи молу мулки ғайри ба ӯ бовар карда супурдашуда ва дар ихтиёраш буда, ба миқдори махсусан калон даст задаанд.

 

 Чунончӣ, номбурдагон дар давраи фаъолияти кориашон бо мақсади азонихуд намудани маблағҳо бо роҳи сохтакорӣ дархостҳо барои музди меҳнат ва ҳаҷми фонди музди меҳнатро дар санади қабули корҳои иҷрошуда барзиёд нишод дода, бо ин роҳ ба давлат ба миқдори махсусан калон ба маблағи 2.341.315,62 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.

 

 Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати Файзулаев Ҳабибулло Нусратуллоевич,  Алишеров Исмоилҷон Ҷурахонович ва Ҳалимов Маҳмадюсуф Ибрагимжонович бо моддаҳои 245 қисмҳои 2, 3, 4 бандҳои “а”, “б”, “г”, ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан