Қаллобӣ барои ғайриқонуни додани қитъаи замин

 

    Муродов Суҳроб Рамазонович дар асоси қарори маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, ба вазифаи раиси ҷамоати мазкур таъин гардида дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои ҷудо намуда додани 0,04 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии ба номи “Д.Нуриддинов”, Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён маблағи 15000 сомонӣ гирифта, барои минбаъд ҳуҷҷатгузорӣ намудани он маблағи 20 000 сомонӣ талаб намуд.

 

  Дар натиҷа зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди гирифтани маблағи 20 000 сомонӣ номбурда аз ҷониби кормадони Агентӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далел дарёфт карда шуд. 

 

     Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муродов Суҳроб Рамазонович бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои  «а» «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

Чоп намудан