Талаби маблағ барои гузаштан аз сарҳади давлатӣ

  Ҳидоятов Ҳасан Сафарович, дар вазифаи назоратчии басти дуюми шуъбаи назорати гузаргоҳи сарҳадии «Дустӣ»-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода кор карда, шахси мансабдор маҳсуб ёфта, дар давраи фаъолияташ бо истифодаи мақоми хизматӣ дар чунин ҳолатҳо ҷиноят содир намуд.

 

  Чунончӣ, ӯ дар давраи фаъолияташ дидаю дониста аз он, ки хуруҷ ва вуруди сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон буда, барои гузаштани он пардохти маблағ пешбинӣ нашудааст, шахсан худаш ба воситаи шаҳрванд Ҷураев Муҳаммадҷон Камолович аз шаҳрвандон барои гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон маблағи муайяне талаб карда гирифт.

 

  Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ  Ҳидоятов Ҳ.С. дар ҷои кораш бинои гузаргоҳи сарҳадии “Дустӣ”-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии аминяти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода зимни гирифтани маблағи 3000 сомонӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ дарёфт ва гирифта шуд. 

 

  Оиди ҳолати мазкур нисбати Ҳидоятов Ҳ.С. бо моддаи 319 қисми 1 ва Ҷураев М.К. бо моддаҳои 247 қисми 2 банди “в”, 36 қисми 5-319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бинобар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар пешбурд қатъ карда шуд.          

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ