Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)

   Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар моҳҳои январ - июни соли 2022 дар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ноҳияи Шаҳринав, шаҳри Ҳисор, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ва Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани таҳлили фаъолиятро ба нақша гирифтааст.

   

  Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар доираи фаъолияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва донишкадаҳои интихобшуда, аз ҷониби гурӯҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия, ки ба ҳайати он намояндагони худи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва донишкадаҳои интихобгардида ва кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, гузаронида мешавад.

   

     Тибқи талаботи бандҳои 28 ва 31- и Методологияи мазкур барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ, зарур аст, ки таҳлили муносибати мутақобилаи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва донишкадаҳои интихобшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷамъоварии маълумот гузаронида шавад.

   

   Аз ин рӯ, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва донишкадаҳои интихобгашта, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли инҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронии «Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в вашем браузере должен быть включен Javascript.» ирсол намоянд.

     

    Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан