Қаллобии корманди Донишгоҳ

   Эгамов Даврон Абдуҳабибович дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ дар Раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор карда истода, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст.

   

        Чунончӣ, ӯ бо мақсади ба даст овардани даромади муфту безаҳмат бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматиаш аз шаҳрванд “А” барои дохил намуданаш ба шуъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маблағи 2500 доллари ИМА-ро талаб намудааст.

   

     Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти оперативӣ-тафтишотӣ Эгамов Д.А. баъди бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматиаш аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2500 доллари ИМА дар ҷойи ҳодиса боздошт карда шуда, маблағҳои мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ дарёфт карда гирифта шуданд.

   

     Оиди ҳолати мазкур нисбати Эгамов Даврон Абдуҳабибович бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, бинобар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» парвандаи ҷиноятӣ нисбати номбурда бо дастрасии талаботи моддаи 27 қисми 1 сархати 4 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд.

 

        Маркази матбуоти Агентӣ         

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ