Коррупсия-зуҳуроти хавфноки ҷомеа

 

Коррупсия-зуҳуроти хавфноки ҷомеа

Коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатдориро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида, тавозуни он низ аз байн меравад. Дар натиҷа коррупсия сарчашмаи дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ба монанди ин дигар ҷиноятҳое мегардад, ки боиси аз байн рафтани истиқлолияти комили давлатҳо мегардад. Давлату Ҳукумат пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида, баҳри амалӣ намудани он якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дар асоси онҳо барномаҳои давлатӣ қабул намудааст. Яке аз ин барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» буда, тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати иҷроиши бандҳои Нақша-чорабиниҳои Стратегияи мазкур тамоми чораҳои дахлдорро андешида, баҳри пешгирӣ намудани ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, оқибатҳои зарарноки он ҳамчунин паст намудани шиддати коррупсия ва аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар якҷоягӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон қайд намуданд:” Масъалаи ҷиддии дигаре, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи доимии мо қарор дошта бошад, ин пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи истифодаи замин мебошад. Бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ дар давраи истиқлолият зиёда аз 130 ҳазор гектар, аз ҷумла 27 ҳазор гектар замини корами обӣ ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Лекин ҳоло ҳам ҳолатҳои тақсимоти ғайриқонунӣ, хариду фурӯш ва худсарона ишғол намудани замин аз байн нарафтаанд. Танҳо дар давоми 10 соли охир қариб 1300 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионии вобаста ба замин содир шудааст. Мутаассифона то ҳол ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки дар ин самт шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар барои ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар амалҳои коррупсионӣ содир менамоянд, ки ин яке аз монеаҳои асосӣ баҳри мувафақона амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегардад.

Чунончӣ Мунаваров Диловаршоҳ Давлатшоҳевич, аз 02-июни соли 2016 таҳти №38 дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти «Сомон»-и шаҳри Ҳисор кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш, бо мақсади ба даст овардани фоида даст ба ҷинояти қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, такроран, бо истифодаи мақоми хизматӣ, тахминан моҳи марти соли 2017-ум ба боварии як қатор сокинони шаҳри Ҳисор даромада, аз онҳо барои ҳамчун аъзои комиссияи ҷаъмиятӣ оиди ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба сокинони Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор бо мақсади пешниҳод намудан ва ба тавсиб расонидани қарор дар бораи вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 30000 долари ИМА талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш дар якчанд ҳолат шаҳрвандон дар маҷмуъ маблағи 3000 долари ИМА ва 10600 сомониро гирифта, маблағи номбурдаро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф намуда, ба манфиати шаҳрвандон ягон амалро иҷро накардааст.

Ғайр аз ин Мунаваров Д.Д., дар давоми фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ва ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” бо мақсади ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтумони манзили истиқоматӣ маблағи 5000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 1500 сомонӣ гирифта, қайд менамояд, ки боқимондаи маблағро баъди ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба ӯ оварда диҳад, вале дар асл маблағи 1500 сомониро гирифта тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуда ва ба манфиати охирин ягон амалро иҷро накардааст, ки дар натиҷа бо ин ҳаракатҳояш ба ӯ зарар ҷиддӣ расонидааст.

Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Мунаваров Д.Д. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айдоркунӣ барои баррсӣ ба суди шаҳри Ҳисор ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор Мунаваров Диловаршоҳ Давлатшоҳевич гунаҳкор дониста шуда, нисбати ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 73000 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи фаъолият дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда ба муҳлати ду сол таъин карда шуд.

Шаҳрвандони муҳтарам фаъолияти як мақомот баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар ҷомеа кифоя набуда, танҳо дар сурати муборизаи дастаҷамъона, мо метавонем, ки ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ноил гардем. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: « Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, ки сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем». Воқеан ҳам ҳар як фарди бо нангу номуси ватан бояд ин суханони сарвари кишварро сармашқи кори худ намуда, бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат, баҳри аз байн бурдани ин падидаи номатлуб дар фазои ҳамдигарфаҳмии миллӣ бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва бо ифтихор аз миллату ватани хеш сарҷамъона муборизаи беамон бурда, баҳри рушду нумуи ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем!

 

 

Нозири калони пешгирии коррупсияи

Шуъбаи минтақавии Агентӣ дар

ноҳияҳои водии Ҳисор                                                                               Раҳмонзода Ф.Н.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ