Қаллобии корманди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Гулов Шаҳбоз Сангинович дар асоси фармоиши раиси ноҳияи Мастчоҳ дар вазифаи сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷиноятӣ қаллобӣ зад.

Чунончӣ, номбурда  бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ шаҳрванд “А” -ро бовар кунонид, ки бар ивази маблағи 10 000 сомонӣ тавассути судяи Суди ноҳияи Мастчоҳ, барои ба манфиати ӯ қабул намудани санади судӣ оид ба фарзандхонии ноболиғ шаҳрванд “Б” мусоидат карда метавонад. Ҳамин тариқ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А”  маблағи 10 000 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати охирон ягон амалро иҷро накард.

Оиди ҳолати мазкур нисбати Гулов Шаҳбоз Сангинович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятии мазкур пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

           Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail