БОЗ ЯК ҲОЛАТИ ҚАЛЛОБӢ ВОБАСТА БА ЗАМИНФУРУШӢ ОШКОР КАРДА ШУД.

   Зимни баррасии аризаи шаҳрванд «А» муайян карда шуд, ки Пиров Абдумутолиб Мерганович аз 05.05.2007 то ин ҷониб дар вазифаи раиси х/д «Бобои Мерган»-и ноҳияи А.Ҷомӣ кор карда, бо маслиҳати пешакӣ бо бародараш Пиров Мирзомуддин Мерганович моҳи феврали соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд «А» даромада, охиронро бовар кунонидаанд, ки бар ивази маблағи 5000 доллари ИМА ба миқдори 0.06 га қитъаи замини наздиҳавлигиро аз заминҳои хоҷагии деҳқониашон воқеъ дар деҳаи Файзободи ҷамоати дехоти Иттифоқ, ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳанд.

   Шаҳрванд «А» ба суханони онҳо бовар намуда, ба Пиров М.М. ва Пиров А.М. маблағи 2000 доллари ИМА ва 20000 рубли русӣ медиҳад. Пиров Абдумутолиб Мерганович ва бародараш Пиров Мирзомуддин Мерганович маблағи мазкурро тасарруф намуда, ба манфиати охирин ягон амалро иҷро накардаанд.

    Нисбати Пиров Абдумутолиб Мерганович ва Пиров Мирзомуддин Мерганович бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Чоп намудан