ГУЗОРИШ АЗ НАТИҶАИ ДАВРИ ЧОРУМИ МОНИТОРИНГИ ТАВСИЯҲОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ ВА РУШД

     Бояд қайд намуд, ки ҳанўз дар соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи Амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба имзо расонида, мунтазам ҳисоботҳои даврӣ ва фосилавии худро баҳри иҷрои

тавсияҳо дар ин самт ба Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд пешниҳод менамояд ва то ин ҷониб коршиносони ин Созмон се маротиба мониториги иҷрои тавсияҳои худро дар Тоҷикистон гузаронидаанд.  

    Тибқи барномаи кории Созмон даври чоруми мониторинги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои тавсияҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд  дар доираи Нақшаи Амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба соли 2017 рост омад, ки он рӯзҳои 27-31 марти соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид.

  Дар чорабинии мазкур 8 нафар коршиносони (экспертони) СҲИР аз давлатҳои Украина, Узбекистон, Озорбойҷон, Молдова, Туркия ва  як нафар мутахассис аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

    Дар рафти чорабинии мазкур ҳолати иҷрои тавсияҳое, ки дар рафти даври сеюми мониторинг ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд, мавриди муҳокима ва баррасӣ  қарор дода шуда, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ вобаста рафти амалигардонии ин тавсияҳо дар фаъолияти кории худ  маълумот  доданд. 

    Баъди ба итмом расидани чорабинии мазкур коршиносони СҲИР хулосаи пешакии худро ба Директори Агентӣ иброз дошта, таклиф намуданд, ки то пешниҳоди ҳисоботи ниҳоӣ дар ҷаласаи навбатии созмон, ки баргузории он моҳи сентябри соли 2017 дар назар аст,  вазорату идораҳо баҳри иҷрои пурраи тавсияҳо чораҳои дахлдор андешанд, то баҳогузории ниҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия мусбӣ арзёбӣ гардад.   

Чоп намудан