Ошкори ҳолати сӯиистифода аз вақолатҳои мансабии раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон ва раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ муайян гардид, ки моҳи марти соли 2021 ба раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон Тағаев Ш.Л. сокинони ҳамин Ҷамоати шаҳрак Б.Ҳ.М. ва Э.А.А. ҷиҳати гирифтани қитъаи замин барои сохтмони маркази хизматрасонӣ ва мағоза муроҷиат намудаанд.

 

Тағаев Ш.Л. бо мақсади ғараз, яъне ба даст овардани даромади муфт ҳамчун роҳбари мақомоти худидоракунии шаҳрак ваколатҳои хизматии худро бархилофи манфиатҳои хизматӣ истифода намуда, аз шаҳрвандон Б.Ҳ.М. ва Э.А.А. барои унвонии раиси ноҳияи Ёвон манзур намудани пешниҳод ҷиҳати ба номбурдагон ҷудо гардидани қитъаи замин, ки ба доираи ваколатҳои мансабиаш дохил мешавад маблағи 200 000 (дусад ҳазор) сомонӣ талаб намуда, моҳи марти соли 2021 дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав ин маблағро аз шаҳрванд Б.Ҳ.М. гирифтааст.

 

Инчунин, муайян гардид, ки моҳи марти соли 2021 ба раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон Файзализода Ҷ.Р. низ сокинони ҳамин ноҳия Б.Ҳ.М. ва Э.А.А. ҷиҳати гирифтани қитъаи замин барои сохтмони маркази хизматрасонӣ ва мағоза муроҷиат намудаанд.

 

Файзализода Ҷ.Р. бо мақсади ғараз, яъне ба даст овардани даромади муфт ҳамчун шахси мансабдор ваколатҳои хизматии худро бархилофи манфиатҳои хизматӣ истифода намуда, аз Б.Ҳ.М. ва Э.А.А. барои унвонии раиси ноҳияи Ёвон манзур намудани пешниҳод ҷиҳати ба номбурдагон ҷудо гардидани қитъаи замин, ки ба доираи ваколатҳои мансабиаш дохил мешуд, маблағи 150 000 (яксаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ талаб намуда, ин маблағро моҳи апрели соли 2021 дар ҳудуди ноҳияи Ёвон аз шањрванд Б.Ҳ.М. гирифтааст.

 

Оид ба ҳолатҳои болозикр нисбати Файзализода Ҷ.Р. бо моддаи 314 қисми 1 ва нисбати Тағаев Ш.Л. бо моддаи 314 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

 

Маркази матбуотӣ Агентӣ.

 

 

Чоп намудан E-mail