Ошкори ҳолати қаллобии нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара
Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ муайян гардид, ки Давронов О.А. аз 02 ноябри соли 2010 то инҷониб дар вазифаи нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш қасди ба даст овардани даромади муфтро назди худ пеша намуда, моҳи майи соли 2024 аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ёрдамчии сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётӣ дар самти Ворухи Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара - Кенжаев Ш.А. барои омода намудани билети номуносиб ба хизмати ҳарбӣ ба номи шаҳрванд М.М. аз хешованди охирон маблағи 40000 сомонӣ талаб намуданд.
Зимнан, Давронов О.А. ва Кенжаев Ш.А. кирдори ҷиноятии худро идома дода, дидаву дониста аз он ки ваколати омода карда додани билети номуносиб ба хизмати ҳарбӣ ба номи шаҳрванд М.М.-ро надоранд, давоми моҳҳои май ва июли соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара аз хешованди охирон дар ду ҳолат ҷамъ маблағи 40 000 сомониро гирифтанд, ки дар натиҷа аз тарафи кормандони Агентӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, далели шайъӣ - маблағи пулӣ аз онҳо ёфта гирифта шуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Давронов О.А. ва Кенжаев Ш.А. бо аломатҳои моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ