ОШКОРИ ҲОЛАТИ ҚАЛЛОБИИ РОҲБАРИ ДАСТГОҲИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Носиров Ф.С. вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд буда, аз 20 июли августи соли 2022 то 01 июли соли 2024 дар вазифаи Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Истиқлол кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш новобаста аз он, ки қаблан ду маротиба суд шуда буд, аз ин ҳолат ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, дар ҳолатҳои зерин ҷинояти қаллобиро такроран содир намуд.
 
Чунончи, Носиров Ф.С. дар давоми соли 2023 аз мақсади шаҳрванд Ю. М. Р. ҷиҳати харидорӣ намудани манзили истиқоматӣ хабардор шуда, ба охирин пешниҳод кард, ки бар ивази маблағи 20000 сомонӣ метавонад аз маҳаллаи 1-ум ва бар ивази маблағи 25000 сомонӣ аз маҳаллаи 2-юми шаҳри Истиқлол манзилҳои истиқоматии давлатиро ба ному насабаш хусусӣ гардонида диҳад.
 
Ҳамин тариқ, Носиров Ф.С. бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматиаш дар ду ҳолат аз шаҳрванд У.А.Г. тавассути ҳамсараш Ю.М.Р. маблағи 45000 сомониро гирифта, онро тасарруф намуда, ба манфиати шахсии худ сарф карда ба фоидаи онҳо ягон амалро иҷро накард.
 
Оиди ҳолатҳои мазкур дар асоси маводҳои ҷамъовардашуда нисбати Носиров Ф.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail