Иштироки ҳайати расмии мақомот дар ҷаласаи 23-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
26 сентябри соли 2024 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 23-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори мақомот - Султонзода Сулаймон Саид иштирок намуданд.
Инчунин, дар ҷаласа намояндагон аз давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзида, фаъолияти Шўрои мазкурро дар самти таҳкими сулҳу субот ва амнияти иқтисодӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти Шӯро мунтазам рушд намуда, он имкон медиҳад, ки содиршавии ҷиноятҳои иқтисодии трансмиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ пешгирӣ карда шуда, нисбат ба онҳо чораҳои зарурии саривақтӣ андешида шавад.
Илова ба ин, иштирокчиён дар ҷаласа масъалаҳои мубрами мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, ҷиноятҳои бо истифода аз дороиҳои рақамӣ содиршаванда, муқовимат ба маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ки бо истифода аз интернет ва воситаҳои рақамии пардохт содир мешаванд, баррасӣ намуда, вобаста ба тарзу усулҳои ошкори ҷиноятҳо дар ин самт табодули афкор намуданд.
Дар охир, вобаста рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткории трансмиллӣ ҳамкориҳо дар доираи Шӯро тақвият дода шаванд.
Маркази матбуоти Агентӣ.