Мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи мониторингии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд

16-17 сентябри соли 2024 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва дигар масъулини мақомоти Агентӣ бо гурӯҳи мониторингии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) доир гардид.

 

Зимни мулоқоти корӣ атрофи саволҳои иловагии коршиносон ва дигар масоили ба тавофуқнаомада доир ба 9 самти баҳодиҳии даври    5-уми мониторинги тавсияҳои Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Шабакаи мазкур мубоҳисаи ҷонибҳо сурат гирифта, боиси хушнудист, ки дар натиҷаи мубоҳисаҳои тӯлонӣ ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи ҳайати расмии кишвар пазируфта шуд.

 

Бо натиҷаи чорабинӣ як қатор саволҳои пешниҳодгардида ҳалли худро ёфтанд, ки он баҳри ба даст овардани  арзёбии муносиб вобаста ба натиҷаи ниҳоии ҳисоботи кишвар оид ба даври 5-уми мониторинги тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии СҲИР таъсири мусбӣ расонид.

 

Чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳити дӯстона ҷараён гирифта, барои меҳмоннавозии самимона ҳангоми ташрифи гурӯҳи мониторингӣ, ҳамкории густурда, маҳорати касбӣ, муаррифии арзандаи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати расмии кишвар аз ҷониби Котиботи шабака ва коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд дода шуд.

 

Дар фарҷом ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки дар доираи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва ҳамоҳангии муттаасил дар ояндаи наздик иҷрои тавсияҳои Шабака таъмин гардида, ба ин васила мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ баланд бардошта мешавад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail